Суруди Ибодати Точики - "ХУДОЁ".3gp / Tojikcha ibodat qo'shig'i - "XUDOYO".3gp
Listen now
Description
Tajik Worship Song - "KHUDOYO".3gp / Таджикская песня поклонения - "ХУДОЙО".3gp //1 ҚӮРИНТИЁН* 15 - Зиндашавии Исои Масеҳ1. Бародарону хоҳарон, хотиррасон кардан мехоҳам, ки хушхабареро, ки пештар ба шумо эълон мекардам, қабул кардед ва дар он устувор истодаед. 2. Агар шумо хушхабареро, ки эълон кардаам, маҳкам нигоҳ доред, он шуморо наҷот медиҳад, вагарна беҳуда имон овардаед. 3. Аввал ин ки ман хушхабари гирифтаамро ба шумо расондам, ки чунин аст: Масеҳ, мувофиқи навиштаҷот, барои гуноҳҳои мо мурд. 4. Ӯ гӯронида шуд ва дар рӯзи сеюм мувофиқи навиштаҷот Худо Ӯро зинда кард. 5. Аввал Ӯ ба Петрус ва баъд ба дувоздаҳ фиристодагонаш, 6. сипас дар як вақт ба зиёда аз панҷсад нафар пайравонаш зоҳир гардид. Баъзе пайравонаш аллакай вафот кардаанд, лекин бештари онҳо дар қайди ҳаётанд. 7. Сипас, Ӯ ба Яъқуб ва дертар ба тамоми фиристодагонаш зоҳир шуд.8. Аз ҳама охир ба ман зоҳир шуд, ки ман ба таври ғайриодӣ фиристода шуда будам! 9. Чунки ман дар байни дигар фиристодагон қадри камтар дорам. Азбаски пештар ҷамоати Худоро дунболагирӣ мекардам, ҳатто сазовор нестам, ки худамро фиристода биномам.10. Аммо ба воситаи файзу меҳрубонии Худо он чи имрӯз ҳастам ва файзе, ки Ӯ бар ман додааст, беҳуда нест. Чунки аз ҳамаи фиристодагон зиёдтар меҳнат кардам ва на ман, балки Худо ба воситаи ман бо файзаш кор мекард. 11. Лекин фарқ надорад, ки шумо хушхабарро аз ман шунидед ё аз онҳо. Муҳим он аст, ки шумо ба хушхабаре имон овардед, ки ҳамаи мо онро эълон мекунем.
More Episodes
Узбекская, Северная | Евангелие от Иоанна 19: 1-18.mp4 /  Uzbek, Northern | Gospel of John 19: 1-18.mp4 //1 КОРИНФЛИКЛАР 15 - Исо Масиҳ ўликдан тирилгани ҳақида1. Биродарларим, мен ўзим сизларга етказган Хушхабарнинг моҳиятини яна бир бор эслатиб ўтмоқчиман. Сизлар бу Хушхабарни қабул қилдингиз,...
Published 01/24/23
Узбекская, Северная | Евангелие от Иоанна 19: 19-42.mp4 /  Uzbek, Northern | Gospel of John 19 : 19-42.mp4 
Published 01/24/23