Точики(точики) - "Суханхои зиндаги No1".3gp / Tojiki - "Hayot So'zlari No1".3gp
Listen now
Description
Tajiki(Таҷикй) - "Words of Life No.1".3gp / Таджики - "Слова Жизни №1".3gp //1 ҚӮРИНТИЁН* 13 - Роҳи муҳаббат1. Агар ман бо забонҳои одамӣ ва фариштагон гап занаму муҳаббат надошта бошам, ман ба мисли миси пурсадо ё лаъличаи ҷарангосӣ ҳастам. 2. Агар атои расондани паёми Худоро дошта бошам ва аз тамоми сирру асрор бохабар бошам, ҳар гуна дониш дошта бошам ё агар имоне дошта бошам, ки кӯҳро аз ҷояш ҷунбонаму муҳаббат надошта бошам, ман ҳеҷ касам. 3. Агар тамоми сарватамро ба камбағалон тақсим кунам ва ҳатто баданамро барои сӯзонидан қурбон кунаму муҳаббат надошта бошам, ягон фоида намебинам.4. Муҳаббат пуртоқату меҳрубон аст. Муҳаббат ҳасад намебарад, ҳавобаланд нест ва ғурур надорад. 5. Муҳаббат дағалӣ намекунад, худписанд ва зудранҷ нест ва кина ба дил намегирад. 6. Муҳаббат аз беинсофӣ шодӣ намекунад, балки аз ростӣ хушҳол мешавад. 7. Муҳаббат ҳамеша сабр мекунад ва бовар менамояд, ба ҳама чиз умед мебандад ва ба ҳама чиз тоб меорад. 8. Атои расондани паёми Худо аз байн меравад, забонҳо хомӯш мешаванд ва дониш мегузарад, лекин муҳаббат то абад мемонад.9. Мо ҳама чизро намедонем ва паёми Худоро расонданамон комил нест. 10. Аммо, вақте ки пуррагӣ меояд, ҳама чизи нопурра аз байн меравад. 11. Масалан, вақте ки ман кӯдак будам, ҳамчун кӯдак гап мезадаму фикру муҳокима мерондам. Лекин вақте ки калон шудам, ҳар чизи кӯдакиро фаромӯш кардам. 12. Ҳозир мо Худоро ба мисли сурати хира дар оинаи чанголуд дида метавонем. Дар он дунё Ӯро рӯ ба рӯ хоҳем дид. Ҳозир мо ҳама чизро намедонем, лекин дертар чӣ хеле ки Худо моро ба таври пурра мефаҳмад, мо низ ҳамон тавр ба таври комил мефаҳмем.13. Хулоса, ин се чиз боқӣ мемонад, ки инҳо имон, умед ва муҳаббат мебошанд. Вале муҳаббат бузургтарини онҳо аст.
More Episodes
Узбекская, Северная | Евангелие от Иоанна 19: 1-18.mp4 /  Uzbek, Northern | Gospel of John 19: 1-18.mp4 //1 КОРИНФЛИКЛАР 15 - Исо Масиҳ ўликдан тирилгани ҳақида1. Биродарларим, мен ўзим сизларга етказган Хушхабарнинг моҳиятини яна бир бор эслатиб ўтмоқчиман. Сизлар бу Хушхабарни қабул қилдингиз,...
Published 01/24/23
Узбекская, Северная | Евангелие от Иоанна 19: 19-42.mp4 /  Uzbek, Northern | Gospel of John 19 : 19-42.mp4 
Published 01/24/23