Забони Точики - "Интихоби шумо".mp3 /Тажик тили - "Сенин тандооң".mp3
Listen now
Description
Tojik tili - "Sening Tanloving".mp3 / Таджикский язык - "Твой выбор".mp3 / Tajiki Language - "Your Choice".mp3 //ЮҲАННО 1 - Каломи ҳаёт1. Дар ибтидо Калом буд ва ин Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. 2. Вай дар аввал бо Худо буд 3. ва ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шуду бе Ӯ ҳеҷ чизе аз офариниш пайдо нашуд. 4. Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд.5. Равшанӣ дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонад.6. Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода мешавад, 7. ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳаду ҳама ба воситаи Ӯ имон оваранд. 8. Яҳё худ равшанӣ набуд, вале барои он омад, ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳад. 9. Он равшании ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон медурахшад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.10. Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд. 11. Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд. 12. Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд. 13. Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.14. Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд. 15. Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ман Ӯро дар назар дошта ба шумо гуфта будам, ки баъд аз ман каси аз ман бузургтаре меояд, чунки Вай пеш аз ман вуҷуд дошт».16. Аз фаровонии файзи Ӯ ҳамаи мо баракат аз паси баракат ёфтаем. 17. Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. 18. Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.
More Episodes
Кыргызча сыйынуу ыры- "Ар бир киши тизе бүтөт".mp4 / Kyrgyz Worship Song- "Everyone Kneels".mp4==== "Слова жизни", "Хороший Новости", "Евангельские песни" - Основные языки, на которых говорят в Кыргызстане======== "Words of Life", "Good News", "Gospel Songs" - The Main Languages Spoken in...
Published 01/22/23