Мулло Насриддин ва эътирози марди тавбакор - ملا نصرالدین و مرد توبه کار
Listen now
Description
Ба номи Худо Салом Бо барномаи "Достони омӯзанда" дар хизмати шумоем Ин қисмат: Эътирози марди тавбакор! Баъд аз намоз мулло Насриддин дар баландгӯ гуфт: Ой мардум, ҳамаатон хуб гӯш кунед! Мехоҳам имрӯз касеро ба шумо шинос кунам, ки дар гузашта дузду шаробхор ва нашъаманду хеле гунаҳкор буда, вале бо ин ҳол Худо ӯро ҳидоят карда ва ба ӯ тавфиқи тавба дода ва ҳоло ӯ ҳама чизро канор гузоштааст. Баъд гуфт: Биё Мансурҷон, баландгӯро бигиру худат барои мардум бигӯ, ки чигуна тавба кардӣ! Мансур омаду баландгӯро гирифт ва гуфт: Мардум, ман як умр дуздӣ кардам, гуноҳ кардам ва моли ҳаром хӯрдам, вале Худо обрӯямро набурд! Аммо аз вақте тавба кардам ва ин мулло хабардор шуда дар ҳеҷ куҷо барои ман обрӯ нагузоштааст! Бародару хоҳари гиромӣ, вақте ба умур ва аҳкоми дин огоҳии комил надорем, мардумро динзада накунем! Ҳифзи обрӯи мӯъмин яке аз бузургтарин тавсияҳои Ислом аст, ки ҳамаи мо вазифа дорем ба он амал кунем.
More Episodes
Моҳ Муҳаррам ёдовар шаҳодати имом Ҳусейн
Published 08/03/22
Published 08/03/22
Шеъри дар мавриди имом Ҳусейн
Published 08/03/22