Фироқи имом Маҳдӣ- шеъри зебо аз шайх Саъдӣ - در آن نفس که بمیرم در آرزوی تو باشم
Listen now
Description
Дар он нафас, ки бимирам, дар орзуӣ ту бошам Бадон умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам Ба вақти сӯбҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам Назар ба сӯи ту дорам, ғулом рӯи ту бошам Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам Ҳадиси равза нагӯям гули биҳишт набӯям Ҷамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошам Майи биҳиштӣ нанӯшам зи дасти соқии ризвон Маро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошам Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан В-агар хилоф кунам Саъдиё, ба сӯи ту бошам
More Episodes
Моҳ Муҳаррам ёдовар шаҳодати имом Ҳусейн
Published 08/03/22
Published 08/03/22
Шеъри дар мавриди имом Ҳусейн
Published 08/03/22