Description
Шеъри зебо дар фироқи имом Маҳдӣ - Сӯбҳи бе ту
Салом бар имом Маҳдӣ, ки бо омаданаш ҷаҳонро пур аз адлу дод хоҳад кард.
Сӯбҳи бе ту, ранги баъд аз зуҳри як одина дорад
Бе ту ҳатто меҳрубонӣ ҳолате аз кина дорад
Бе ту мегӯянд: Таътил аст кори ишқбозӣ
Ишқ, аммо кай хабар аз шанбеву одина дорад
Ҷуғд бар вайрона мехонад ба инкори ту аммо
Хоки ин вайронаҳо, бӯе аз он ганҷина дорад
Хостам аз ранҷиши дурӣ бигӯям, ёдам омад
Ишқ бо озор хешовандии дерина дорад
Рӯи онам нест то дар орзу дасте барорам
Эй хуш он дасте, ки ранги обрӯ аз пина дорад
Дар ҳавои ишқи ту пар мезанад бо беқарорӣ
Он кабутар чоҳии захме, ки ӯ дар сина дорад
Ногаҳон қуфли бузурги тирагиро мекушояд
Он ки дар дасташ калиди шаҳри пур оина дорад
Қайсари Аминпӯр