Description
Ифтитоҳи масҷиди нав дар шаҳри Душанбе, ки қарор буд рӯзи 12-уми март бо ҳузури амири Қатар баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, гуфт, "ин ба он сабаб аст, ки ба далели паҳншавии короновирус сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод".