Description
Ислом ҳамеша исрор бар ин
мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он
чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар
инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд
Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ӯ дар нашри навбатии
подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ” дар студияи Your.tj дар бораи пешгириву табобати
сил, огоҳонидани мардум аз ин беморӣ, дастгирии наздикони шахси бемор ва ғайра
аз нигоҳи дини Ислом гуфт.
Маҳмуд Сангалиев вобаста ба
пешгирии бемории сил риояи тозагиро дар ҷои аввал гузошт ва гуфтаҳояшро аз
нигоҳи Ислом шарҳ дод.
“Дини мубини Ислом назофатро
ҳатто шохае аз имон медонад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки яке аз омилҳои
пешгирикунанди бемории сил ҳамин нигоҳ доштани покизагии инсонҳо аст”,- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ин мутахассис,
Ислом ба эҳтиёткорӣ ва нигаҳдории саломатии инсон ҳамеша таъкид мекунад.
Худованд фармудааст, ки ҳаёт барои инсон амонат аст ва бояд онро эҳтиёт кунад.
Ба ҳамин асоснок карда,
Маҳмуд Сангалиев гуфт, ки вақте инсон бемор мешавад, бояд ҳатман ба мутахассис
муроҷиат кунад ва аз паси табобати худ бошад.
“Ислом ҳамеша исрор бар ин
мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он
чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед, вагарна
дар назди Худованд гунаҳкор мешавад”,- афзуд вай.
Ӯ гуфт, мисли ҳамаи дигар
бемориҳо инсон ҳангоми ба сил гирифтор шудан низ бояд саривақт ба табиб
муроҷиат кунад ва ин дар ислом фарзи айн маҳсуб меёбад.
Давоми ин суҳбатро дар ин ҷо
тамошо кунед.
Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR
пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаи
анонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян
карда метавонед.
Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки
дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед.
Инчунин шумо метавонед бо пайванд (ссилка) https://ntp.tj/pursish/ ба пурсишномаи
анонимӣ гузашта, суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 пайдо кунед.
Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health
International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.
Силс
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в
гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком
интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского
здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать.
Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Выпуск подкаста о том, как бизнес-проект по Программе МВА воплотился в жизнь и помог запустить первую в Таджикистане компанию по страхованию жизни.
Сейчас Программа МВА Таджикистан набирает очередной курс, шестой по счету. Мест осталось совсем мало, чтобы получить возможность стать участником...
Published 08/20/24