“Чунин савол”. Чӣ тавр «Газпромнефт Тоҷикистон» аз навовариҳо пайравӣ мекунад
Listen now
Description
“Мо Ҳамсафарем” яке аз маъмултарин барномаҳои муфид барои ронандагон дар Тоҷикистон аст. Барои ҳар як харид аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шабакаи «Газпромнефт Тоҷикистон» аъзои он соҳиби балл мешаванд, ки бо он пули сӯзишворӣ, инчунин маҳсулот дар мағоза ва қаҳвахонаҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба маблағи 1 балл = 1 сомонӣ пардохт мекунанд. Ҳоло ин корт виртуалӣ низ шуд ва тавассути барномае дастрас аст, ки онро аз Play Market https://clck.ru/GeyWB ё App Store https://clck.ru/Z7zju насб кардан мумкин аст. Фаридун Турсунов, сардори шӯъбаи фурӯши чаканаи шабакаи НФС «Газпромнефт Тоҷикистон» ба мо гуфт, ки корти виртуалӣ ба соҳибони мошинҳо чӣ медиҳад, чӣ гуна онро насб кардан мумкин аст, барои аз мақоми “Нуқра” ба “Тиллоӣ” гузаштан чӣ қадар бал ҷамъ кардан лозим аст ва барои гирифтани мукофотҳои иловагӣ чӣ кор бояд кард. Зимнан, корти ҳавасмандсозии виртуалии “Мо Ҳамсафарем” ройгон дода мешавад ва барои истифодаи он доштани смартфон кофӣ аст. Илова бар имтиёзҳо барои соҳибони ин кортҳо боз чӣ гуна хизматрасониҳо пешниҳод мешавад, як намояндаи ин шабака нақл кард. Ин корманд ҳамчунин роҳҳои барқарор кардани корти гумшдуа ва гузаронидани балҳои дар корти куҳнабуда ба корти навро фаҳмонид. Боз як масъалаи асосие, ки тамоми ронандагонро ба ташвиш меорад - сифати сӯзишворӣ мебошад. Фаридун Турсунов дар бораи чӣ гуна санҷидани сифати сӯзишворӣ дар НФС ва чӣ тавр ширкат аз он назорат мебарад ба мо нақл кард.
More Episodes
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать. Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Published 09/10/24
Ислом ҳамеша исрор бар ин мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои...
Published 09/05/24