“Ин савол”. Чаро ба варзиш машғул шудани духтарон муҳим аст?
Description
Беш аз 15 сол аст, ки дарТоҷикистон Федератсияи Киокушинкай каратэ–до фаъолият мекунад ва то имрӯз дар сар то сари кишвари 2 ҳазор нафар ҷавонон аз ҷумла духтаронро дар ин навъи варзиш тарбият намудааст. То имрӯз дар ҷумҳурӣ духтарони варзишгар зиёданд, аммо то ҳол ҳастанд нафароне, ки барои ба варзиш машғул шудани духтарон зид мебароянд. Фарангис Хоҷазода, варзишгар узви ФКК дар бораи мушкилоти духтарони варзишгар ва дастовардҳояш нақл кард.
Тавре Фарангис қисса мекунад, ӯ аввалан пинҳонӣ ба варзиш машғул мешудааст. Танҳо пас аз ғолиб шудан дар мусобиқае ӯ ба аҳли оилааш гуфтааст, ки ба варзиш машғул аст. Фарангис мегӯяд, ки аз наздиконаш кам набуданд, нафароне, ки ба варзишгар шудани ӯ зид баромаданд, аммо ӯ аз роҳи интихоб намудааш пас нагашт.
“Ана ҳамин “духтар аст, ба варзиш машғул нашавад” гуфтанҳои атрофиён барои духтарон монеа эҷод мекунанд, ки нақшаҳои ояндаи худро амалӣ гардонанд”, - мегӯяд, Фарангис.
Ӯ ҳамчунин дар бораи мувафақиятҳову нақшаҳояш дар соҳаи варзиш, сабабҳои ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавондухтарону ҷавонписарон суҳбат кард. Муфасалтар дар подкасти мо бифаҳмед.
Киокушинкай ва насли нав дар рухияи инсондусти,саломати, таҳаммулнопазири ба хушунат ва мубориза бо ифротгароивутерроризм бо назардошти осебпазирии ҷавонон. Лоиҳа аз ҷониби Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократияи сфорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳаро Федератсияи каратэ-до киекушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в
гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком
интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского
здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать.
Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Ислом ҳамеша исрор бар ин
мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он
чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар
инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд
Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои...
Published 09/05/24