“Гендернетика”: Занон метавонанд дар соҳаи энергетика карераи худро созанд?
Listen now
Description
Меҳмони навбатии мо Мавҷуда Холиқзода собиқ муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” аз камтарин занҳоест, ки дар қатори топ-менеҷерони соҳаи энергетика фаъолият кардааст. Ӯ нақл кард, ки ба соҳаи энергетика то чӣ андоза шавқу ҳавас дошт. Бо орзуи муваффақ шудан дар соҳаи писандида ва ба расидан ба зинаҳои баланд Мавҷуда ба Донишкадаи техникӣ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кард ва соҳиби ҷойи кор гардид. Вале тавре худаш мегӯяд, шавҳараш кор кардани ӯро нахост. “Падарарӯсам мусоидат кард, ки ман дар соҳаи дӯстдоштаам фаъолиятро идома диҳам”,- қайд намуд ӯ. Мавҷуда Холиқзода мегӯяд, баробарии имкониятҳо барои марду зан дар соҳаи энергетика аз худи шахс вобаста аст. Танҳо иродаи қавӣ ва масъулиятнокӣ метавонад занонро дар ин ҷода муваффақ гардонад, андеша дорад ӯ. “Ман ба духтарони ҷавон тавсия медиҳам, ки агар ба соҳаи энергетика шавқ дошта бошанд, аз паси амалигардонии он шаванд. Ман 42 сол дар ин соҳа кор кардам, вале то ҳанӯз сафи занони ҳамкасби ман ниҳоят кам аст”,- афзуд Мавҷуда Холиқзода. Мо ин силсилаи подкастҳоро “Гендернетика” – аз ду калима: гендер ва энергетика номидем. Дар Тоҷикистон барномаи Бонки Осиёии Рушд барои рушди бахши энергетика амалӣ мешавад. Яке аз натиҷаҳои ин барнома ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани иқтидор, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар бахши энергетика мебошад. Ҳар ҳафта меҳмонони мо аз таҷрибаи кор дар соҳаи энергетика мубодилаи афкор намуда, духтаронро ҳавасманд мекунанд ва масъалаҳоеро ба миён мегузоранд, ки аз ҳалли онҳо татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат вобастагӣ дорад.
More Episodes
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать. Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Published 09/10/24
Ислом ҳамеша исрор бар ин мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои...
Published 09/05/24