“Ҳама нишонаҳои беморӣ ташвишоваранд”. Ташхису табобати сил дар Тоҷикистон
Listen now
Description
Дар сурати мавҷудияти кадом нишонаҳо бояд ташхиси фаврӣ гузаронида шавад? Чӣ тавр бемории силро ошкор кардан мумкин аст? Дар Тоҷикистон кадом усулҳои самараноки ташхис мавҷуданд? Дар нашри навбатии силсилаи нави подкастҳои “Аз сил ҳарфе бигӯ!” Шаҳноза Аъзамова, муовин директори “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, мутахассис оид ба пешгирӣ ва табобати бемории сил ба ин ва дигар саволҳои мо посух дод. Нишонае, ки аз ҳама бештар дида мешавад, ин сулфа зиёда аз ду ҳафта, баландшавии ҳарорати бадан то аз 37 то 38 дараҷа, дард дар қафаси сина, лоғаршавӣ, гум шудани иштиҳо, камҳаракатӣ мебошад. “Вақте ҳамин нишонаҳо пайдо мешаванд, шаҳрвандон бояд ҳатман ба маркази саломатии ҷойи зисташон муроҷиат намоянд”, - гуфт мутахассис. Табиби силшинос ё духтури оилавӣ шахси муроҷиаткунандаро аз назар гузаронида, ба ташхисҳои минбаъда равона мекунад. Яке аз ташхисҳои асосӣ ин муоинаи акси рейнтгении қафаси сина аст. “Вақте дар акси рейнтгенӣ тағйирот дида мешавад, ташхиси балғам гузаронида мешавад”, - шарҳ дод Шаҳноза Аъзамова. Ӯ гуфт, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳоло дастгоҳҳои муосири ташхиси рейнтгении қафаси сина ва инчунин дастгоҳҳои Gen-эксперт мавҷуданд ва ташхис бо ин усулҳо ройгон аст. “Кӯдакон, ки то синни даҳсолагӣ мустақилона хориҷ кардани маводҳои ташхисиро наметавонанд. Барои ҳамин дар байни кӯдакон ошкори саривақтии бемории сил ва истифодаи дастгоҳҳои ташхисии индуксиявии балғам ба роҳ монда шудааст”, - қайд намуд мутахассис. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна дастгоҳ дар Тоҷикистон 6 адад, аз ҷумла, 1-то дар Душанбе, 4-то дар вилоятҳо ва 1 адади дигар дар минтақаи Рашт мавҷуд аст. Бори дигар ба бинандагон хотиррасон менамоем, ки табобати бемории сил дар Тоҷикистон ройгон буда, он ирсӣ нест ва бо ташхиси саривақтӣ комилан табобат мешавад. Силсилаи подкастҳор Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст. Ин силсилаи подкастҳои Лоиҳаи оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико омода шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқ
More Episodes
Нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Аз сил ҳарфе бигӯ” дар формати пурсиши блитс мегузарад. Яъне мутахассис ба саволҳои мо зуд ва кӯтоҳ посух медиҳад. Мавзӯи нашри имрӯза “Бофтаҳо ва ҳақиқат дар бораи сил” мебошад, ки ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил бахшида шудааст.   Ҳамасола 24 март Рӯзи...
Published 04/15/24
Published 04/15/24
Мавзӯи имрӯзаи мо лоиҳаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият мебошад, ки 12 сол инҷониб аз тарафи дафтари Ассотсиатсияи Каритаси Олмон амалӣ мешавад. Ҳадафи умумии лоиҳа саҳми устувор гузоштан дар пешбурди фарогирии маъюбон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои...
Published 03/29/24