Бофтаҳо ва ҳақиқат дар бораи сил. Мутахассис ҷавоб медиҳад
Listen now
Description
Нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Аз сил ҳарфе бигӯ” дар формати пурсиши блитс мегузарад. Яъне мутахассис ба саволҳои мо зуд ва кӯтоҳ посух медиҳад. Мавзӯи нашри имрӯза “Бофтаҳо ва ҳақиқат дар бораи сил” мебошад, ки ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил бахшида шудааст.   Ҳамасола 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил қайд мешавад. Он соли 1982, расо баъд аз 100 соли тавсифи аввалини ангезандаи сил аз ҷониби микробиологи олмонӣ Роберт Кох муқаррар шудааст. Кашфиёт ташхис ва табобати ин бемориро имконпазир гардонид.   Абдулло Маҳмадов, муовини якуми директори “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” бо мо дар мавриди ақидаҳое оид ба сироят, табобат ва хусусиятҳои сил суҳбат кард, ки дар байни мардум паҳн шудаанд.   Оё равғани саг, хирс, қимиз ба сил шифо мебахшанд? Оё сил ба воситаи зарф ва дигар ашёи истифодаи умум сироят меёбад? Рост аст, ки кӯдакон ба бемории сил гирифтор намешаванд? Рост аст, ки сил бемории камбизоатон аст? Ба ин ва дигар саволҳо Абдулло Маҳмадов дар меҳмонии подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ!” посух дод.   Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаи анонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян карда метавонед.    Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед.   Инчунин, пайвандҳо (ссилкаҳо) ба пурсишномаи анонимӣ https://ntp.tj/pursish/ ва суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 дар матни зери ин нашр низ гузошта мешаванд.   Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.   Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. #tajikistan #yourtj #таджикистан #тоҷикистон #сил #кӯдак #бцж #бемориисил #podcast #подкаст
More Episodes
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать. Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Published 09/10/24
Ислом ҳамеша исрор бар ин мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои...
Published 09/05/24