“Беморӣ мисли як хоб буду гузашт”. Тарзи дурусти табобати сил чӣ гуна аст
Description
Дар меҳмонии нашри навбатии подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ!” Толибҷон Каримов,
нафаре, ки бемории силро аз сар гузаронидааст, ба мо аз таҷрибаи худ оид ба
таботати он гуфт. Толибҷон қисса кард, ки ҳангоми табобат кадом қоидаҳоро риоя
бояд кард ва дар ин раванд чӣ аз ҳама бештар муҳим аст.
Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR
пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаи
анонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян
карда метавонед.
Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки
дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед.
Инчунин шумо метавонед бо пайванд (ссилка) https://ntp.tj/pursish/ ба пурсишномаи
анонимӣ гузашта, суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 пайдо кунед.
Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family
Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.
Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф
намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки
он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва
мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи
назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в
гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком
интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского
здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать.
Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Ислом ҳамеша исрор бар ин
мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он
чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар
инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд
Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои...
Published 09/05/24