Гузариш ба иқтисоди сабз. Он чӣ гуна амалӣ мешавад?
Description
Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисоди сабзро қабул кардааст. Аммо на ҳама
мефаҳманд, ки ин чӣ аст. Бисёриҳо, иқтисоди
сабзро танҳо бо нерӯи барқи обӣ алоқаманд медонанд. Аммо дар асл ин чист? Чаро гузаронидани аудити энергетикӣ дар
истеҳсолот муҳим аст ва ин ба иқтисоди сабз чӣ иртибот дорад?
Мо ин масъаларо бо ҷонишини директори ширкати “Системавтоматика” Мансур Қудусов муҳокима кардем.
Мафҳуми иқтисоди сабз нисбатан мафҳуми нав аст ва
маҳз он инсониятро водор менамояд, ки фаъолияти манфии иқтисодии худро ба
муҳити зист кам намояд.
“Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
ва иқтисодиёти он дар ҳоли рушд мебошад. Ҳамаи давлатҳои рӯ ба рушд бояд барои
беҳбудии муҳити зист рӯ ба иқтисоди сабз оваранд”,- шарҳ дод Мансур Қудусов.
Ӯ гуфт, Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои
2023-2027 дар ҳоли амалишавӣ аст. Он аз чанд марҳила иборат аст. Тибқи он барои
истеҳсолоти хурду миёна якчанд имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст.
“Марҳилаи аввал ба ташаккули маърифати экологӣ
нигаронида шудааст. Мувофиқи ин Стратегия то соли 2030 бояд 10 фоизи энергия аз
ҳисоби нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ истеҳсол шавад. Баъдан кам кардани партовҳо,
коҳиш додани гази карбон ва дуруст истифода бурдани обҳои табиӣ низ ба назар
гирифта шудаанд”,- шарҳ дод мутахассис.
Қудусов қайд кард, ки ин ҳама марҳила ба марҳила
анҷом дода мешаванд ва ҳоло соҳибкорон дуруст дарк накардаанд, ки чӣ гуна имтиёзҳоро
доранд. Шарикони рушд барои онҳо кредитҳо ва грантҳоро пешниҳод мекунанд, ки бо
истифода аз он метавонанд худро ба иқтисоди сабз мутобиқ намуда, корро пеш
баранд, афзуд ӯ.
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в
гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком
интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского
здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать.
Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Ислом ҳамеша исрор бар ин
мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он
чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар
инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд
Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои...
Published 09/05/24