Нақши зан дар тиҷорат. Чӣ гуна зани тоҷик дар шаҳри Ваҳдат клиникаи хусусӣ таъсис дод
Listen now
Description
Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Бизнес среда” мавзуи “Нақши зан дар тиҷорат ва хусусиятҳои пешбурди тиҷорат аз нигоҳи зан”-ро муҳокима кардем. Манзура Ғафурова, муассиси клиникаи “Шавкат” дар шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба мо аз таҷрибаи худ гуфт. Ӯ замоне дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамчун мутахассиси тиб кор мекард. Манзура ба мо нақл кард, ки чӣ гуна роҳи тиҷоратро пеш гирифт ва дар ин самт чӣ мушкилиҳоро паси сар кард. “Як рӯз, вақте аз навбатдорӣ баромадам, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ маро ба утоқаш таклиф кард. Ӯ пешниҳод кард, ки ман ҳамчун мутахассис акушер-гинеколог як дастгоҳи ташхиси ултрасадо гирам. Зеро ноҳияи мо ниҳоят калон аст ва ҳамон вақт норасоии хизматрасонӣ эҳсос мешуд. Баъди маслиҳат бо оила барои оғози ин кор 8 моҳ хондам. Баъд бо ёрии наздикон дастгоҳро харидам. Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Бизнес среда” мавзуи “Нақши зан дар тиҷорат ва хусусиятҳои пешбурди тиҷорат аз нигоҳи зан”-ро муҳокима кардем. Манзура Ғафурова, муассиси клиникаи “Шавкат” дар шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба мо аз таҷрибаи худ гуфт. Ӯ замоне дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамчун мутахассиси тиб кор мекард. Манзура ба мо нақл кард, ки чӣ гуна роҳи тиҷоратро пеш гирифт ва дар ин самт чӣ мушкилиҳоро паси сар кард. “Як рӯз, вақте аз навбатдорӣ баромадам, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ маро ба утоқаш таклиф кард. Ӯ пешниҳод кард, ки ман ҳамчун мутахассис акушер-гинеколог як дастгоҳи ташхиси ултрасадо гирам. Зеро ноҳияи мо ниҳоят калон аст ва ҳамон вақт норасоии хизматрасонӣ эҳсос мешуд. Баъди маслиҳат бо оила барои оғози ин кор 8 моҳ хондам. Баъд бо ёрии наздикон дастгоҳро харидам. Аз моҳи январи соли 2002 аввалин шуда дар шаҳри Ваҳдат хизматрасонии тиббиро ҳамчун соҳибкори андозсупоранда таъсис додам”,- нақл кард Манзура Ғафурова. Ӯ мегӯяд, қадамҳои аввал дар он солҳо барояш мушкил буд. На ҳама метавонист ба маркази шаҳр омада, аз ташхис гузарад. Бо вуҷуди ин Манзура ба ин соҳа ворид шуд. “Соли 2008 ҳамфикронам пайдо шуда, маслиҳат кардем, ки утоқи маро васеътар кунем. Ҳамин тавр, мо 10 ҳуҷраро аз беморхона ба иҷора гирифта, сатҳи хизматрасониро беҳтар кардем. Корамон барор гирифт ва ҳатто ин 10 ҳуҷра камӣ кард. Ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардем ва ба мо замин ҷу
More Episodes
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать. Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Published 09/10/24
Ислом ҳамеша исрор бар ин мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои...
Published 09/05/24