“Мард масъулияти бештар дорад”. Саломатӣ ва ғизои модару кӯдак аз нигоҳи ислом
Description
Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Модари солим, кӯдаки солим” суҳбате
доштем дар хусуси зани ҳомилаву ширмакон аз нигоҳи дини ислом бо Ҷамолиддин
Хомӯшӣ, мударриси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои уламо.
Ҳаёти занушавҳарӣ зиндагии муштарак аст, Худованд занро барои мард ва
мардро барои зан офаридааст, қайд намуд дар оғози суҳбат ходими дин.
“Чуноне ки инсон бо либос зебост ва маҳз либос айбу камбудиҳои тани ӯро
мепӯшонад, ҳамин тавр, зану шавҳар низ камбудиҳои якдигарро дар зиндагӣ бояд
пӯшонанд ва обрӯи ҳамдигарро ҳифз кунанд. Аз нигоҳи дин тамоми масъулияти зан
ба зиммаи мард аст ва он имтиёзҳое, ки шариат ба зан додааст, дар ягон қонуни
башарӣ ба чунин дараҷа дида намешавад”,- таъкид кард Хомӯшӣ.
Ӯ қайд намуд, дар оиладорӣ нақши хушдоман ҳамчун шахси муътабари оила муҳим
аст, аммо хушдоман набояд аз доираи инсоф берун муносибат кунад ва келинро
ҳамчун фарзанди худ қабул намояд.
“Дар урфияти мардуми мо агар ба хонае ворид мешуд, ки он ҷо пухтупаз
доранд, ҳатман аз қафояш ғизое мефиристоданд, то дилаш наранҷад. Ба ин чиз маҳз
хушдоман бояд аҳамият диҳад”,- афзуд ходими дин.
Дар қабули қарорҳои муштарак оид ба датгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ғизои
модару кӯдак зану шавҳар, махусан шавҳар уҳдадориҳои зиёд дорад, мегӯяд
Ҷамолиддин Хомӯшӣ. Ба гуфтаи ӯ, мард барои хароҷоти тифли батни ҳамсараш ё
таваллудшуда ҳеҷ гоҳ бухл наварзад.
Давоми мавзӯро бо шарҳу тавзеҳоти Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар подкасти мо тамошо
кунед.
Лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” дар Тоҷикистон бо кӯмаки Агентии ИМА оид
ба рушди байналмилалӣ (USAID, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ татбиқ мегардад.
Ҳадафи лоиҳа кор аз болои тағйирёбии меъёрҳои иҷтимоӣ ва одатии ғизо,
инчунин нигоҳубини саломатии модарону кӯдакон мебошад, ки ба интихоби
таҷрибаҳои тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.
Сегодня у нас в гостях Фирдавс Умурбоев, который приехал в
гости прямиком из Флориды (США), чтобы рассказать о своём опыте в таком
интересном занятии, как биохакинг, обсудили самые важные для «мужского
здоровья» темы, причины и следствия, а главное, как их решать.
Ссылка на профиль героя -...
Published 09/10/24
Ислом ҳамеша исрор бар ин
мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он
чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар
инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд
Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои...
Published 09/05/24