Дилшод Ҷӯраев – даъвати ғайриқонунӣ, адолати судӣ ва риоя нашудани тартиби хизмати ҳарбӣ | ДАСТАРХОН #8
Listen now
Description
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Шумо, ки бо парвандаҳои вобаста ба нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон кор мекунед, мегуфтед, ки дар робита ба ин масъала бештар аз чӣ шикоят мекунанд; тамоюли нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон коҳиш ёфта истодааст ё сол то сол меафзояд; аз рӯи таҷриба, онҳое, ки даъво доранд, ҳуқуқҳояшон нақз шудааст, қазияро то охир мебаранд ё шояд ҳастанд ҳолатҳое, ки бо таъсири он ё он омил аз даъвояшон даст мекашанд; оё ҳамаи онҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар ин самт нақз шудааст, барои барқарор кардани адолат ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд; парвандаҳои вобаста ба нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон то куҷо шаффоф баррасӣ мешаванд?... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф якҷоя бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилшод Ҷӯраев, вакили дифоъ (адвокат) мавриди баррасӣ қарор дод. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures --- Send in a voice message: https://anchor.fm/jmbpictures/message
More Episodes
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар...
Published 11/30/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид....
Published 11/23/23
Published 11/23/23