Episodes
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб ҳузур доранд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures --- Send in a voice...
Published 11/30/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» ҳуқуқшинос, аъзои Шӯрои...
Published 11/23/23
Published 11/23/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Иҷрокунандаи асосии ин барнома Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар...
Published 11/16/23
Дар нашри охирини фасли аввали подкасти «Садои муҳоҷир» мо бо коршиноси ҳарбӣ Музаффар Бобоҷонов ҳамсӯҳбат шудем. Ин нашр бештар дар бораи мобилизатсия ё худ басичсозӣ, даъват ба артиши Русия ва саркашӣ аз он, ҷанг дар Укроин, душаҳрвандӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса...
Published 05/18/23
Нашри навбатиро мо бо ҳамроҳии яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Хуршеда Раҳимова – роҳбари ТҶ «Ибтидо», сабт намудем. Хуршеда зимни сӯҳбат дар бораи он ки чаро шавҳараш Куриёи Ҷанубиро назар ба кишвари Русия беҳтар медонад, дурӣ аз шавҳар чӣ мушкилиҳо дорад, қадру қимати оила, норасоии маблағ, урфу одатҳои мардумӣ қисса намуд. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз...
Published 05/11/23
Дар ин нашр мо бо яке аз фарзандони муҳоҷири тоҷик Сайҳона Зокирова, ки ҳоло донишҷӯй аст, ҳамсӯҳбат шудем. Сайҳона дар оила фарзанди калонӣ буда, бинобар дар муҳоҷират будани падару модараш тамоми корҳои хона бар ӯҳдаи ӯст... Ин нашр бештар дар бораи дурӣ аз падару модар, оиладорӣ, тарбия, таҳсил, муҳоҷират қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз...
Published 04/27/23
Дар нашри навбатӣ мо бо ҳамроҳии Ӯғулой Орипова – соҳибхоназане, ки пештар ҳамчун муҳоҷир дар Русия кор кардааст, ҳамсӯҳбат шудем. Ӯғулой соҳиби ду фарзанд буда, инак чаҳор сол мешавад, ки шавҳари ӯ барои беҳтар кардани зиндагии оилааш ба Куриёи Ҷанубӣ ба кор рафтааст... Ин нашр бештар дар бораи дурӣ аз шавҳар, танҳо ба воя расонидани фарзандон, сарфаи маблағ, кору зиндагӣ дар Русияву Куриёи Ҷанубӣ ва нофаҳмиҳои оилавӣ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин...
Published 04/13/23
Дар нашри шашуми подкасти «Садои муҳоҷир» мо аз таҷрибаву дастовардҳои муҳоҷирзане ҳарф хоҳем зад, ки чанде пеш аз Куриёи Ҷанубӣ баргашт. Ин нафар Муслима ном доранд, ки зимни суҳбат аз бартариятҳои ин кишвар нисбат Русия нақл кард... Нашри навбатӣ бештар дар бораи имкониятҳо, дарёфти ҷойи хуби корӣ, муносибати самимӣ нисбат ба муҳоҷирон қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли...
Published 04/13/23
Дар нашри навбатии подкасти «Садои муҳоҷир» мо бо Муборак ном зане, ки давоми 5 сол инҷониб дар Русия ба муҳоҷират меравад, ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ бештар ҳамчун пешхизмат дар қаҳвахонаҳо кор кардааст. Муборак соҳиби як духтар буда, зиндагиашро якҷоя бо ин фарзандаш пеш мебарад. Набудани манзили зист ӯро маҷбур кардааст, ки муҳоҷир шавад... Ин нашр бештар дар бораи бепулӣ, мусофирӣ, муносибатҳои дағали корфармо, азобу фиреб, харидани манзили зисти шахсӣ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо...
Published 04/06/23
Дар нашри чоруми подкасти «Садои муҳоҷир» мо бо ҳамроҳии Зайнуриддин Заҳайризода – рӯзноманигор-омӯзгоре, ки ҳоло муҳоҷир шудааст, сӯҳбат оростем. Зайнуриддин оиладор буда, соҳиби чор фарзанд ва ягона ноновари хонаводааш аст. Бинобар шароити иқтисодӣ ӯ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтааст... Нашри навбатӣ бештар доир ба кору зиндагӣ дар Русия, муноқишаҳои муҳоҷирон, қарз, оила, пайдо кардани нон қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти тозаэҷоди «Садои муҳоҷир»...
Published 03/30/23
Дар нашри навбатӣ мо бо Орифҷон Мамадкаримов, ки давоми 22 сол инҷониб дар муҳоҷират қарор дорад ва аз соли 2013 ҳамчун бригадир дар шаҳри Сургути Русия кор мекунад, сӯҳбат намудем. Орифҷон 40 сол дошта, оиладор ва соҳиби се писару як духтар аст. Мушкилиҳои зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, ки ҳатто мактабро то охир нахонда, ба муҳоҷират равад... Ин нашр бештар дар бораи боварию эътимод, обрӯю масъулият ва муносибату дастгирӣ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин...
Published 03/16/23
Дар ин нашр мо бо Шералӣ Турсунов – омӯзгор, муҳоҷир ва як нафар фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат мекунем. Шералӣ 39-сола буда, соҳиби 5 фарзанд аст. Ҳоло дар ташкилоти ҷамъиятии «Умед барои ҷомеа» фаъолият дорад. Ӯ борҳо ба Русия барои муҳоҷират рафта, ба мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст... Ҳоло Шералӣ мехоҳад, орзуҳояшро дар Тоҷикистон амалӣ намояд, чун хоҳишҳояш намегузоранд, ки ӯ ба дигар давлат зиндагӣ кунад. Ин нашр бештар дар бораи арзишҳои инсонӣ, қадру қимати омӯзгор, муносибат,...
Published 02/23/23
Дар нашри аввал бо Раҳматҷон Каримов – омӯзгори муҳоҷир ҳамсӯҳбат шудем. Раҳматҷон 30 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд аст. Соли 2016 бори аввал ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Бинобар нокифоягии маблағ дар мактаб ва таъминоти ниёзи оила Раҳматҷон роҳи Русияро пеш гирифтааст... Ин нашр бештар дар бораи мушкилии як муҳоҷири тоҷик, ки ба танҳоӣ ба Русия рафтааст, тасаввуроти як ҷавони тоҷик дар бораи ин кишвар, аз ҷустуҷӯи ҷойи хоб то бақайдгирӣ ва орзуҳои муҳоҷири тоҷик қисса...
Published 02/16/23
Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф! Тарҳи ҷадиди мо таҳти унвони «САДОИ МУҲОҶИР» манзури шумост! 16 феврал Мактаби расонаии JMBpictures дар якҷоягӣ бо ТҶ «Расонанигор» подкасти ҷадидеро зери унвони «САДОИ МУҲОҶИР» нашр кард. Фасли аввали подкаст аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирони меҳнатӣ» қисса мекунад. Дар ин подкаст мо бевосита бо худи муҳоҷирон ҳамсуҳбат мешавем..., ба садои онҳо гӯш медиҳем, то онҳоро бишнавему бишнаванд..., аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву...
Published 02/15/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» Абдусабури Абдуваҳҳоб, рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти...
Published 12/15/22
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, таҳти №296 «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ шуд. Инчунин, барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025»...
Published 12/08/22
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, таҳти №296 «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ шуд. Инчунин, барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025»...
Published 11/30/22
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба фасли дуюми подкасти «ДАСТАРХОН»! Фасли дуюми подкасти мо ба мавзӯи «Муҳимияти донишандӯзӣ: хонем ё нахонем» бахшида шудааст. Ва инак, имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» бо Рустам Гулов, блогнавис ва коршиноси расонаӣ оид ба «Зарурати доштан ё надоштани диплом» суҳбат хоҳем кард. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures --- Send in a voice message:...
Published 04/15/22
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ҳаҷми маблағи суғурта барои сарбоз чанд аст ва он барои чӣ пешбинӣ шудааст; суғурта то куҷо барои хизматчии ҳарбӣ ҳатмӣ аст; даъватшаванда қабл аз ба хизмати ҳарбӣ рафтан, ҷону саломатии худро суғурта мекунад; маблағи суғуртаро кӣ пардохт мекунад: хизматчии ҳарбӣ ё волидайни ӯ ва ё давлат; дар сурати ба ягон ҳолати фавқулода дучор шудани сарбоз, чӣ қадар маблағ вобаста ба ҳаҷми суғурта пардохт карда мешавад?... Ин ва дигар...
Published 10/29/21
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ҳангоми баррасии парвандаҳо, оё ба кору фаъолияти адвокатҳо ва ё барои иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон дар мурофиаҳои судӣ монеаҳо низ ҷой доранд; ҷараёни сабт ё наворгирӣ аз рӯи қонунгузорӣ чӣ гуна аст: дар кадом вақт иҷозат ва манъ аст; сабаби ҷой доштани режими дедовшина ё бузургсолорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ; оё роҳе вуҷуд дорад, ки ҳамин «системае», ки дар қисмҳои ҳарбӣ ҷой дорад, онро коҳиш дод; оё...
Published 10/21/21
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Шумо, ки бо парвандаҳои вобаста ба нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон кор мекунед, мегуфтед, ки дар робита ба ин масъала бештар аз чӣ шикоят мекунанд; тамоюли нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон коҳиш ёфта истодааст ё сол то сол меафзояд; аз рӯи таҷриба, онҳое, ки даъво доранд, ҳуқуқҳояшон нақз шудааст, қазияро то охир мебаранд ё шояд ҳастанд ҳолатҳое, ки бо таъсири он ё он омил аз даъвояшон даст мекашанд; оё...
Published 10/14/21
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ҳаҷми маблағи суғурта барои сарбоз чанд аст ва он барои чӣ пешбинӣ шудааст; суғурта то куҷо барои хизматчии ҳарбӣ ҳатмӣ аст; даъватшаванда қабл аз ба хизмати ҳарбӣ рафтан, ҷону саломатии худро суғурта мекунад; маблағи суғуртаро кӣ пардохт мекунад: хизматчии ҳарбӣ ё волидайни ӯ ва ё давлат; дар сурати ба ягон ҳолати фавқулода дучор шудани сарбоз, чӣ қадар маблағ вобаста ба ҳаҷми суғурта пардохт карда мешавад?... Ин ва дигар...
Published 09/24/21
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! 25 ҳазору 200 сомонӣ – арзиши хидмати алтернативие, ки дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуд; киҳо метавонанд, бо пардохти маблағи мазкур ин навъи хидматро адо кунанд; барои супоридани маблағи хидмати якмоҳа ё адои хидмати алтернативӣ даъватшаванда бояд ба куҷо муроҷиат намояд; даъватшавандагоне, ки ин намуди хизматро, яъне хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ мегузаранд, аз даъватшаванда...
Published 09/10/21
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Комиссариати ҳарбӣ оид ба даъват чӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо дорад ва онҳоро то куҷо дуруст анҷом медиҳад; комиссияи даъвате, ки ҳар сол ташкил карда мешавад, он аз рӯи кадом меъёрҳо интихоб мегардад; дар кори пизишконе, ки аъзои комиссияи даъват ҳастанд, то куҷо шаффофиятро дидан мумкин аст; оё ҳастанд, ҳолатҳои фишороварӣ нисбат ба фаъолияти пизишкони комиссияи даъват; дар сурати аз ҷониби комиссияи даъват пешниҳод шудани...
Published 09/02/21