Ислоҳот дар соҳаи милитсияи тоҷик чиро метавонад иваз намояд? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #1)
Listen now
Description
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, таҳти №296 «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ шуд. Инчунин, барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуда метавонанд. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳузур доранд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures --- Send in a voice message: https://anchor.fm/jmbpictures/message
More Episodes
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар...
Published 11/30/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид....
Published 11/23/23
Published 11/23/23