Музаффар Бобоҷонов – ҷалби донишҷӯён ба хизмат, суғуртапулии сарбоз, набудани омори мушаххас | ДАСТАРХОН #10
Listen now
Description
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ҳаҷми маблағи суғурта барои сарбоз чанд аст ва он барои чӣ пешбинӣ шудааст; суғурта то куҷо барои хизматчии ҳарбӣ ҳатмӣ аст; даъватшаванда қабл аз ба хизмати ҳарбӣ рафтан, ҷону саломатии худро суғурта мекунад; маблағи суғуртаро кӣ пардохт мекунад: хизматчии ҳарбӣ ё волидайни ӯ ва ё давлат; дар сурати ба ягон ҳолати фавқулода дучор шудани сарбоз, чӣ қадар маблағ вобаста ба ҳаҷми суғурта пардохт карда мешавад?... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф якҷоя бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures --- Send in a voice message: https://anchor.fm/jmbpictures/message
More Episodes
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар...
Published 11/30/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид....
Published 11/23/23
Published 11/23/23