Музаффар Бобоҷонов – 25 200 сомонӣ, нобаробарии адолати иҷтимоӣ, пур кардани буҷа | ДАСТАРХОН #6
Listen now
Description
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! 25 ҳазору 200 сомонӣ – арзиши хидмати алтернативие, ки дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуд; киҳо метавонанд, бо пардохти маблағи мазкур ин навъи хидматро адо кунанд; барои супоридани маблағи хидмати якмоҳа ё адои хидмати алтернативӣ даъватшаванда бояд ба куҷо муроҷиат намояд; даъватшавандагоне, ки ин намуди хизматро, яъне хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ мегузаранд, аз даъватшаванда ё сарбозе, ки як-ду сол хизмати харбии мӯҳлатнокро адо мекунанд, чӣ фарқ дорад; худи хизмати алтернативӣ ин чӣ навъ хидмат аст; дар кадом ҳолатҳо ба Шумо маблағи пардохтшударо бармегардонанд? Оё чунин ҳолат ҳам ҷой дорад... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures --- Send in a voice message: https://anchor.fm/jmbpictures/message
More Episodes
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар...
Published 11/30/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид....
Published 11/23/23
Published 11/23/23