Орифҷон: Хатоии ман ин «бовар» кардан буд! | Садои муҳоҷир #3
Listen now
Description
Дар нашри навбатӣ мо бо Орифҷон Мамадкаримов, ки давоми 22 сол инҷониб дар муҳоҷират қарор дорад ва аз соли 2013 ҳамчун бригадир дар шаҳри Сургути Русия кор мекунад, сӯҳбат намудем. Орифҷон 40 сол дошта, оиладор ва соҳиби се писару як духтар аст. Мушкилиҳои зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, ки ҳатто мактабро то охир нахонда, ба муҳоҷират равад... Ин нашр бештар дар бораи боварию эътимод, обрӯю масъулият ва муносибату дастгирӣ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти тозаэҷоди «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал⁠; Instagram⁠; Facebook; YouTube⁠ | E-mail: [email protected] --- Send in a voice message: https://podcasters.spotify.com/pod/show/jmbpictures/message
More Episodes
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар...
Published 11/30/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид....
Published 11/23/23
Published 11/23/23