Шералӣ: Фаҳмидам, ки Русия барои ман нест! | Садои муҳоҷир #2
Listen now
Description
Дар ин нашр мо бо Шералӣ Турсунов – омӯзгор, муҳоҷир ва як нафар фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат мекунем. Шералӣ 39-сола буда, соҳиби 5 фарзанд аст. Ҳоло дар ташкилоти ҷамъиятии «Умед барои ҷомеа» фаъолият дорад. Ӯ борҳо ба Русия барои муҳоҷират рафта, ба мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст... Ҳоло Шералӣ мехоҳад, орзуҳояшро дар Тоҷикистон амалӣ намояд, чун хоҳишҳояш намегузоранд, ки ӯ ба дигар давлат зиндагӣ кунад. Ин нашр бештар дар бораи арзишҳои инсонӣ, қадру қимати омӯзгор, муносибат, таҷрибаи зиндагӣ, оила ва маблағ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти тозаэҷоди «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал - @JMBpictures; Instagram - @jmb_pictures; Facebook - @JMBmediaschool; YouTube - @JMBpictures | E-mail: [email protected] --- Send in a voice message: https://anchor.fm/jmbpictures/message
More Episodes
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар...
Published 11/30/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид....
Published 11/23/23
Published 11/23/23