Анонс #1: подкасти "ДАСТАРХОН"
Listen now
Description
Аввалин подкасти муаллифии худро бо номи «Дастархон» сабт кардам. Подкаст ба забони тоҷикӣ буда, шояд аз аввалин подкастҳои тоҷикӣ дар Тоҷикистон бошад, зеро то ин дам подкастҳо сирф ба забони русӣ пахш мешуданд. Ба тоҷикӣ низ пешкаш кардани подкасти банда низ маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад, ки дар ин бора дар оғози подкасти худ ҳарф хоҳам зад. Дар бораи чаро «Дастархон» ном ниҳодани ин подкаст низ ҳатман маълумот хоҳам дод! Аз ин рӯ, моро пайгирӣ кунед, чун дар пеш шуморо суҳбатҳои муҳиму ҷолиб бо нафарони шинохта интизор аст! P.S. Ҳоло бароятон анонси мухтасари подкасти «Дастархон»-ро ин ҷо пешкаш мекунам. Ҳарчанд воҳимааш зиёд аст хоҳиш, ки натарсед, вале вақте подкасти маро мешунавед, бароям фикру назари шумо доир ба муҳтавои он хеле муҳим аст! --- Send in a voice message: https://anchor.fm/jmbpictures/message
More Episodes
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар...
Published 11/30/23
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид....
Published 11/23/23
Published 11/23/23